Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия аз ҳамлаи густарда бо мушакҳои “Орешник” ва “Искандар” ба ҳадафҳои низомии Украина хабар дод
Вазорати мудофиаи Русия эълом кардааст, ки неруҳои ин кишвар дар вокуниш ба он чи “ҳамлаҳои террористии Украина алайҳи аҳдофи ғайринизомӣ дар хоки Русия” хонда шудааст, як ҳамлаи густардаро алайҳи ҳадафҳои низомии Украина анҷом додаанд.
Хабаргузории “ТАСС” рӯзи якшанбе, 24-уми май, гузориш додааст, ки дар ҷараёни ин ҳамла неруҳои русӣ аз мушакҳои “Орешник”, “Искандар”, “Кинжал” ва “Зиркон” ҳамроҳ бо паҳподҳо истифода карда ва марказҳои фармондеҳии низомӣ, пойгоҳҳои ҳавоӣ ва таъсисоти низомии Украинаро ҳадаф қарор додаанд.
Бар асоси гузориши Вазорати мудофиаи Русия, ин ҳамлаҳо дар посух ба ҳамлаҳои паҳподии Украина алайҳи аҳдофи ғайринизомӣ дар хоки Русия анҷом шудааст.
Ин вазоратхона афзудааст, ки тамоми аҳдофи таъйиншуда мавриди исобат қарор гирифта ва маъмурияти аз пеш таъйиншудаи ин амалиёт такмил шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ҷанг миёни Русия ва Украина ҳамчунон идома дорад ва талошҳои дипломатӣ барои поён додан ба даргириҳо то кунун ба натиҷаи мушаххасе нарасидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”