Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Аҳмад Масъуд аз Парлумони Аврупо барои содир намудани қатъномаи манъи одисозии равобит бо Толибон қадрдонӣ кард
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз Парлумони Аврупо барои содир намудани қатъномаи манъи одисозии равобит бо Толибон қадрдонӣ кард.
Аҳмад Масъуд рӯзи 23-уми май дар саҳифаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки ба хотири ҳимояти усулии Парлумони Аврупо аз мардуми Афғонистон ва мавзеъи равшанашон дар мухолифат бо одисозии равобит бо гурӯҳи Толибон қадрдонӣ мекунад.
Масъуд афзудааст: “Дар замоне, ки назми байналмилалии пойбанд бар қонун ва арзишҳо рӯз ба рӯз бештар заъиф ва ба фаромӯшӣ супурда мешавад, Аврупо бояд ҳамчунон аз усуле дифоъ кунад, ки солҳо муддаии посдорӣ аз онҳо будааст”.
Ӯ таъкид кардааст, ки “ҳуқуқи башар, демократия, каромати инсонӣ ва ҳокимияти қонун” набояд ба номи амалгароӣ бо як “режими террористӣ” қурбонӣ шавад.
Аҳмад Масъуд аз аврупоиҳо хостааст, ки дар канори мардуми Афғонистон биистанд, на дар канори “террористҳо ва золимоне”, ки онҳоро саркӯб мекунанд.
Пештар, оид бар тасмими Иттиҳоди Аврупо барои даъвати намояндагони Толибон ба Брюссел ба хотири гуфтугӯ дар мавриди ихроҷи паноҳҷӯёни Афғонистон гузоришҳое нашр шуда буд.
Бо ин ҳол, Парлумони Аврупо охири ҳафтаи гузашта бо тасвиби қатъномае аз аъзои худ хост, ки равобиташонро бо Толибон одисозӣ накунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”