Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
ЮНИСЕФ: Афғонистон бо яке аз бузургтарин буҳронҳои бозгашт дар ҷаҳон рӯбарӯ аст
Тоҷуддин Уйволӣ, намояндаи Хазинаи ҳимояти кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), гуфтааст, ки Афғонистон яке аз бузургтарин буҳронҳои бозгашт дар ҷаҳонро таҷриба мекунад.
Уйволӣ рӯзи 23-уми май дар саҳифаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навиштааст, ки тимҳои созмон талош мекунанд, то итминон ҳосил шавад, ки кӯдакон ва хонаводаҳои бозгашта ба хизматрасонии саломатӣ, хӯрока ва об дастрасӣ доранд.
Намояндаи ЮНИСЕФ гуфтааст, ки барои расидагӣ ба вазъияти кунунӣ, “Тарҳи посухдиҳии Созмони Милал дар Афғонистон” ниёзманди ҳимояти фаврӣ ва пойдор аст.
Пеш аз ин низ Созмони Милали Муттаҳид аз роҳандозии тарҳи расидагӣ ба мавҷи густардаи бозгашти шаҳрвандони Афғонистон аз Покистон ва Эрон хабар дода буд.
Бар асоси пешбинии Созмони Милал, эҳтимол дорад дар соли 2026 беш аз ду миллион тан аз моҳҳои апрел то декабр ба Афғонистон бозгардонда шаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”