Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Осим Мунир бо Аббос Ироқчӣ дидор кард
Маршал Сайид Осим Мунир, раиси неруҳои дифоии Покистон, бо Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон дар бораи талошҳои дипломатӣ барои ҷилавгирӣ аз ташдиди танишҳо миёни Вашингтон ва Теҳрон дидор кард.
Хабаргузории “Тасним” рӯзи шанбе, 23-уми май гузориш додааст, ки дар дидори Осим Мунир ва Аббос Ироқчӣ дар пайванд ба тақвияти сулҳ, субот ва амният дар минтақаи Ғарби Осиё табодули назар шудааст.
Осим Мунир баъд аз зуҳри рӯзи гузашта барои машварат бо мақомоти эронӣ дар бораи музокироти Эрон ва Амрико вориди Теҳрон шуд.
Сафари Мунир ба Теҳрон дар чорчӯби талошҳои миёнҷигаронаи Покистон барои хатми ҷанг миёни Эрон ва Амрико хонда шудааст.
Пеш аз Осим Мунир, Сайид Муҳсин Нақвӣ, вазири дохилаи Покистон низ ба Теҳрон сафар кардааст.
Ба дунболи сафари ҳафтаи гузаштаи вазири дохилаи Покистон ба Теҳрон, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, эълом кард, ки барномаи ҳамлаи муҷаддади низомӣ алайҳи Эронро лағв кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”