Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Конфронси бознигарии паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ: рӯйи санади ниҳоӣ тавофуқ ҳосил нашуд
Раиси конфронси бознигарии паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ (NPT) гуфтааст, ки ин конфронс натавонист бар сари санади ниҳоӣ ба тавофуқ бирасад.
Хабаргузории “ТАСС”, рӯзи шанбе, 23-уми май гузориш додааст, ки ин конфронс дар моҳи гузашта дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк баргузор шудааст.
До Ҳун Вет, намояндаи доимии Ветнам дар Созмони Милал, ки раёсати конфронсро бар уҳда доштааст, гуфтааст, ки бо вуҷуди машваратҳои фишурда, конфронс натавониста дар бахши пешнависи санади ниҳоӣ ба тавофуқ бирасад.
Ӯ тавзеҳ додааст, ки пешнависи ин санад талоше барои ёфтани “заминаи муштарак” миёни се рукни аслии паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ будааст: халъи силоҳи ҳастаӣ, ҷилавгирӣ аз густариши силоҳҳои ҳастаӣ ва истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ.
Дар 27-уми апрел, ёздаҳумин конфронси бознигарии паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ дар қароргоҳи Созмони Милал дар Ню-Йорк баргузор шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”