Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Лавров: “Русия бо такрори таҷовузи низомӣ ба Эрон мухолиф аст”
Вазири корҳои хориҷаи Русия бар мухолифати қотеъи кишвараш бо ҳар гуна таҷовузи низомии дубораи Амрико ва Исроил ба Эрон таъкид кард.
Ба гузориши хабаргузории “РИА Новости” Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия рӯзи 22-уми май дар суҳбат бо расонаҳо гуфт: “Русия бо такрори таҷовузи низомӣ алайҳи Эрон қотеъона мухолиф аст”.
Вай афзуд: “Аз ҳама талошҳои миёнҷигарона бо ҳадафи пешбурди раванди ҳаллу фасли авзоъи перомуни Эрон аз тариқи абзорҳои сиёсӣ ва дипломатӣ истиқбол мекунем”.
Лавров ҳушдор дода, ки азсаргирии ҷанг дар минтақаи Халиҷи Форс паёмадҳои манфӣ барои кулли ҷаҳон ва иқтисоди он хоҳад дошт.
Ӯ ҳамчунин, идома дод: “Гуфтугӯи мустақим ва созанда миёни кишварҳои арабӣ ва Эрон барои тазмини муштараки пешбинипазирӣ ва субот дар Ховари Миёна зарурӣ аст”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”