27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:48, Душанбе
22.05.2026 18:00

Созмони Милал хостори таваққуфи ихроҷи иҷбории паноҳҷӯёни афғон шуд

Дафтари  ҳайати муовинати Созмони Милал дар Афғонистон  (ЮНАМА, UNAMA)  эълом карда, ки Фолкер Тюрк, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, нисбат ба идомаи раванди ихроҷи иҷбории муҳоҷирон ва паноҳҷӯёни афғон аз кишварҳои мизбон ҳушдор дода ва хостори таваққуфи ин раванд шудааст.

Фолкер Тюрк рӯзи ҷумъа, 22-уми май гуфтааст, ки занон, мардон ва кӯдакони Афғонистон ҳамчунон аз кишварҳое, ки барои амният ба онҳо паноҳ бурдаанд, ба иҷбор ихроҷ мешаванд ва ин иқдом онҳоро бар хилофи майлашон дар маърази хатари ҷиддӣ қарор медиҳад.

Бар асоси гузориши комиссарияти олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон, аз оғози соли ҷории мелодӣ то кунун наздик ба 270 ҳазор шаҳрванди Афғонистон аз Эрон ва Покистон ба кишварашон бозгардонда шудаанд.

Дар гузориши муштараки соли гузаштаи ЮНАМА ва дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милал омада аст, ки бархе аз афғонҳои бозгардондашуда иҷборан, пас аз бозгашт бо боздошти худсарона, шиканҷа ва бадрафторӣ аз ҷониби мақомоти Толибон рӯ ба рӯ шудаанд.

Созмони Милал ҳамчунон нисбат ба гузоришҳое дар бораи баррасии азсаргирии раванди ихроҷи афғонҳо аз ҷониби бархе кишварҳои аврупоӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.