27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
22.05.2026 15:16

Покистон: Эрон ва Амрико бо исрор хостаҳояшонро дар бораи урани ғанишуда ва тангаи Ҳурмуз афзоиш медиҳанд

Як манбаи покистонӣ бо хушбинӣ дар бораи имкони дастёбӣ ба тавофуқи марҳилаӣ байни Эрон ва Амрико эълом кард, ду кишвар бар афзоиши хостаҳояшон дар бораи ураниюми ғанишуда ва тангаи Ҳурмуз исрор доранд.

Ба гузориши “Ал-Ҷазира” ин манбаи покистонӣ таъкид кард, ки кишвараш ҳамчунон ба имкони дастёбӣ ба тавофуқи марҳилаӣ байни Вашингтон ва Теҳрон хушбин аст. Рӯзи гузашта Афнонуллоҳ Хон, сенатори покистонӣ бо ишора ба ин, ки Исломобод ба талоши худ барои дастёбии Теҳрон ва Вашингтон ба як тавофуқ идома медиҳад, таъкид кард: “Музокироти Эрон ва Амрико дар масири дурусте пеш меравад”.

Афнонуллоҳ Хон изҳор дошт: “Музокирот миёни Теҳрон ва Исломобод ва ҳамчунин, миёни Покистон ва Амрико идома дорад ва мо ҳар коре, ки битавонем анҷом медиҳем, то тарафҳоро ба мизи музокира нишинонем, ихтилофотро коҳиш диҳем, ба тавофуқ бирасем ва ҷангро мутаваққиф кунем”.

Вай ҳамчунин, бо баёни ин, ки пешрафтҳое дар музокирот миёни Эрон ва Иёлоти Муттаҳида низ ҳосил шудааст, афзуд: “Мо хушбин ҳастем, зеро муътақидем, ки ҳар ду тараф хостори ҳалли масъала ҳастанд. Ин сенатори покистонӣ дар идома таъкид кард: “Албатта вазъияте пеш омада буд, ки тасаввур мекардем авзоъ ба гунаи хосе поён меёбад, аммо чунин нашуд”.

Афнонуллоҳ Хон дар поён бо баёни ин ки Иёлоти Муттаҳида ҳудуди 90 дарсад аз захираҳои таслиҳотии худро масраф кардааст ва барои бозсозии онҳо ба се то панҷ сол ниёз дорад, хотирнишон кард: “Ин мавзуъ нишондиҳандаи он аст, ки Амрико тавоноии ҷангафрӯзии тӯлони‌муддатро надорад, чаро ки агар Иёлоти Муттаҳида тавоноии идомаи ҷангро дошт, Исроил барои азсаргирии даргириҳо ба Вашингтон фишор меовард”.

Рӯзи панҷшанбе низ Муҳаммад Мудассир Типу, сафири Покистон дар Эрон дар поёни маъмурияти худ дар паёме изҳори умедворӣ кард, ки талошҳои миёнҷигарии Исломобод миёни Теҳрон ва Вашингтон ба натиҷа бирасад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.