Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Душанбе озмуни “Илм ва амал” баргузор гардид
Дар доираи “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” дар муассисаи таълимии хусусии “Ҳоризон” озмуни шаҳрии “Илм ва амал” баргузор гардид.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар озмуни шаҳрии “Илм ва амал” хонандагони ихтироъкору навовари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ширкат намуда, зиёда аз 85 адад лоиҳаи инноватсионӣ ва ихтироъкории худро ба намоиш гузоштанд.
Гуфта мешавад, ки доиҳаҳои беҳтарин аз ҷониби ҳайати ҳакамон интихоб гардида, ғолибон дар маросими ҷамъбасти “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
“Бояд гуфт, ки озмуни “Илм ва амал” на танҳо майдони рақобат, балки макони илҳом ва эҷод буда, ба хонандагон имконият медиҳад, ки бо нерӯи зеҳнӣ ва истеъдоди худ идеяҳои навоварона ва ихтирооти худро муаррифӣ кунанд. Ҳадафи асосии он ташаккули малакаҳои эҷодӣ ва рушди навоварӣ миёни наврасон аст”, - омадааст дар иттилоияи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар қарори раиси шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ ва омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” баргузор мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”