Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Бо ашки чашм. Роналду бо “Ал-Наср” аввалин ҷоизаашро ба даст овард
Шоми гузашта бошгоҳҳои “Ал-Наср” ва “Дамак” дар доира даври 34-уми чемпионати Арабистони Саудӣ рақобат карданд, ки бозӣ бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи “Ал-Наср” ба итмом расид ва дастаи мазкур чемпиони мавсими ҷорӣ шуд.
Қаҳрамони чемпионати Арабистони Саудӣ шудани бошгоҳи “Ал-Наср” барои ҳаводорону мухлисони Криштиану Роналду маънои махсус дорад, зеро тӯли чор мавсиме, ки футболбози португалӣ дар ҳайати дастаи мазкур ҳунарнамоӣ мекунад, ҳеҷ ҷоизае ба даст наоварда буд.
Криштиану Роналду дар бозӣ муқобили “Дамак” ду гол ба самар расонд, ки якеаш аз зарбаи ҷаримавӣ буд.
Футболбози португалӣ дар 41-солагиаш қаҳрамони чемпионати Арабистони Саудӣ шуд ва ин муваффақиятро бо ашки чашм қабул кард. Ӯ ҷоизаи мазкурро солҳо боз интизор буд ва инак, ба даст овард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”