Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон бар майдони ҳавоии низомии Толибон дар Кобул ҳамла кардааст
Ҷабҳаи озодии Афғонистон ба расонаҳои ин кишвар гуфтааст, як пойгоҳи марбут ба майдони ҳавоии низомии Кобул, таҳти контроли гурӯҳи террористии Толибонро ҳадафи ҳамалаҳои ракетӣ қарор додааст.
Ин ҷабҳа рӯзи панҷшанбе, 21-уми май бо нашри хабарномае гуфта, ки ин ҳамла соати 10:00-и шаби чаҳоршанбеи гузашта, ба гунаи “ҳамоҳанг ва дақиқ” анҷом шудааст.
Бар асоси хабарнома, ин пойгоҳ илова бар захира ва нигаҳдории таҷҳизоти низомӣ, маҳалли омӯзиши ҷангҷӯёни Толибон низ будааст.
Ҷабҳаи озодии Афғонистон мегӯяд, ки дар натиҷаи ин ҳамлаҳо оташсӯзӣ дар маҳал рух дода, аммо омори дақиқи талафот ва хисорот ҳанӯз равшан нест.
Ин ҷабҳа афзуда, ки дар ҷараёни ин амалиёт ба неруҳои онон осебе нарасида ва ҳамлаҳои мушобеҳ дар аксари нуқоти Афғонистон ҳамчунон идома хоҳад дошт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”