27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
21.05.2026 16:45

Дар Душанбе мактабе таъсис меёбад, ки касбҳои муосирро ройгон омӯхта метавонед

Тибқи иттилои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, дар кишвар мактаби технологияҳои рақамии «Школа 21» таъсис меёбад.

Манбаъ меафзояд, ки дар мактаби мазкур шаҳрвандони аз 18-сола боло метавонанд ба таври ройгон касбҳои муосири соҳаи технологияҳои иттилоотиро омӯзанд ва дар оянда ҳамчун муҳандисони рақамӣ фаъолият намоянд.

Гуфта мешавад, ки мактаб барои 200 ҷойи таҳсил пешбинӣ шуда, таҳсил ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда мешавад ва иштирокчиён метавонанд дар вақти барояшон мувофиқ омӯзиш гиранд.

“Давраи асосии таҳсил вобаста ба самт ва суръати омӯзиш аз 9 моҳ то 2 сол идома меёбад. Дар мактаб усули муосири «ҳамсол ба ҳамсол» истифода мешавад, ки дар доираи он донишҷӯён таҷриба ва донишҳои худро мубодила намуда, лоиҳаҳои инфиродӣ ва гурӯҳиро амалӣ менамоянд”, - меафзояд манбаъ.

Иттилоъ дода мешавад, ки мактаби технологияҳои рақамии «Школа 21» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сберобразование дар шаҳри Душанбе таъсис дода мешавад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.