Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дархости Ирландия барои баррасии боздоштани созишномаи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Исроил
Нахуствазири Ирландия аз раҳбарони Иттиҳоди Аврупо хост мавзуи рафтори режими Исроил бо шаҳрвандони аврупоии боздоштшуда дар флоти Сумуд ва эҳтимоли боздоштани тавофуқи ҳамкорӣ бо ин режимро дар нишасти ояндаи худ баррасӣ кунанд.
Ба гузориши сомонаи радио ва телевизиони Ирландия, Мишел Мортин, нахуствазири Ирландия, дар номае ба Антониу Кошта, раиси Шурои Аврупо, аз ӯ хост то мавзуи рафтори режими Исроил бо шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо дар киштии ҷаҳонии Самудро дар дастури кори иҷлоси ояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Белгия қарор диҳад.
Ӯ гуфт: “Раҳбарон акнун бояд боздоштани тамом ё бахшҳое аз тавофуқномаи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва режими Исроилро ба далели “боздошти ғайриқонунии шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо тавассути Исроил дар обҳои байналмилалӣ”-ро баррасӣ кунанд”.
Ҳадди ақал 12 шаҳрванди ирландӣ дар ин киштӣ будаанд, ки тавассути режими Исроил рабуда шуда ва садҳо ширкаткунандаи дигар аз кишварҳои мухталиф низ боздошт шудаанд.
Дар наворе, ки дар расонаҳои иҷтимоӣ мунташир шудааст, Итамар Бен Гвир, вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ, дар миёни бархе аз боздоштшудагон қадам мезанад ва мегӯяд, ки онҳо бояд барои муддати тӯлонӣ дар зиндон бимонанд.
Ин навор нишон медиҳад, ки бархе аз афрод дар гурӯҳҳои фишурда ва бо дастони баста рӯйи замин зону задаанд ва Бен Гвир дар миёни фаъолони боздоштшуда онҳоро масхара мекунад ва парчами Исроилро такон медиҳад.
Мортин рафтори бо сарнишинони киштиро такондиҳанда хонд ва афзуд: “Равиши ҳамешагӣ дар қиболи Исроил дигар муносиб нест”. Пешнависи ин нома рафтори Бен Гвирро “ғайри қобили қабул” тавсиф мекунад.
Рафтор бо фаъолони новагони Сумуд ҷадидтарин намунаи рафторест, ки Мортин онро беэътиноии режими Исроил ба қонунҳои байналмилалӣ меномад.
Ӯ аз Кошта, ки намояндаи 27 раҳбари Иттиҳоди Аврупо аст ва раёсати иҷлосҳои мунтазамро бар уҳда дорад, хост то ин мавзуъро дар дастури кори иҷлоси Брюссел дар 18 ва 19-уми июн қарор диҳад.
Новагони ҷаҳонии Сумуд рӯзи сешанбе эълом кард, ки Исроил ҳамаи 50 киштии ҳомили фаъолон ва кумакҳои башардӯстона ба фаластиниҳоро рабуд. Ин новагон шомили 428 фаъол аз 44 кишвар буд, ки аз Мармариси Туркия ба роҳ баромада буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”