27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
21.05.2026 14:04

Хатлон: Ду ҷавон дар 14 ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар мешаванд

Мақомоти интизомии вилояти Хатлон аз боздошти ду ҷавон хабар дод, ки дар 14 ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешаванд.

Тавре ки раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, чанд сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи мазкур оид ба аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани аспҳо, чорвоҳои майда, аз қабили гусфанд, мурғҳои марҷон, харгӯш, асбобҳои сохтмонӣ, кафшергарӣ дастгоҳҳои барқӣ, қутиҳои нигаҳдории занбӯрҳо, дучархаҳо ва дигар ашёҳои рӯзгорашон шикоят намуданд.

Дар натиҷаи санҷиш Нуриддинзода Саидбек Насриддин соли таваллудаш 2001 ва Қурбонзода Асомиддин Ҷамолиддин соли таваллудаш 2000, сокинони деҳаи Хуросони ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо гумони содир намудани силсиладуздиҳо ва тасарруфи молу мулки ғайр дастгир гардиданд.

Манбаъ меафзояд, ки дар рафти тафтишот муайян карда шуд, номбурдагон бо маслиҳати пешакӣ, аз чанд деҳаи ҷамоати Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз набудани атрофиён истифода намуда, ғайриқонунӣ вориди манзилҳои истиқоматӣ гаштаву даст ба дуздии моликияти  шаҳрвандон задаанд. Онҳо дар 14 ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста шуда, маблағи зарари расонидаашон ба шаҳрвандон тақрибан  90 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Нуриддинзода С.Н. ва Қурбонзода А.Ҷ. дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбати онҳо бо дастрасии моддаи 244 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.