Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Лавров: “Сиёсати таҷовузии Ғарб аз тарси рақобат ва аз даст додани нуфуз бармеояд”
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия гуфтааст, ки сиёсати таҷовузии кишварҳои ғарбӣ аз тарси рақобати одилона ва аз даст додани нуфуз дар ҷаҳон аст.
Хабаргузории “ТАСС” рӯзи 20-уми май гузориш додааст, ки Лавров ин изҳоротро дар гуфтугӯ бо “Гурӯҳи расонаии Шанхай” матраҳ кардааст.
Лавров гуфтааст, ки низоми молӣ ва иқтисодие, ки пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум таҳти раҳбарии Ғарб эҷод шуд, дигар наметавонад манофеи доимии кишварҳои ғарбиро таъмин кунад.
Ӯ афзудааст, ки кишварҳои дигар, аз ҷумла Чин, Ҳинд, Бразилия ва шуморе аз кишварҳои Африқо, дар ҳоли дурӣ ҷустан аз Ғарб ҳастанд.
Вазири хориҷаи Русия ҳамчунин, гуфтааст, ки таҳримҳо, мусодираи дороиҳои кишварҳо ва талош барои мудохила дар умури дигар кишварҳо, намунаҳое аз “рақобати ноодилонаи” Ғарб аст.
Ӯ афзудааст, ки Ғарб дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, фанноварӣ ва ҳатто варзиш, аз равишҳои сиёсӣ барои ҳазфи рақибон истифода мекунад.
Лавров дар идома таъкид кардааст, ки низмои сиёсии ҷаҳонӣ ба самти чандқутбӣ ҳаракат мекунад ва ниҳодҳои байналмилалӣ низ бояд бо ин тағйирот созгор шаванд.
Ӯ ҳамчунин, хостори афзоиши нақши кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотин дар ниҳодҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”