Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эрдуғон ба Трамп: “Ихтилофҳои миёни Эрон ва Амрико қобили ҳал аст”
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар тамоси телефонӣ бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфтааст, ки ихтилофҳо миёни Эрон ва Иёлоти Муттаҳида қобили ҳал аст ва аз тамдиди оташбас миёни ду тараф истиқбол мекунад.
Идораи иртибототи раёсати Ҷумҳурии Туркия рӯзи чоршанбе, 20-уми май гуфтааст, ки Эрдуғон дар ин гуфтугӯ бар зарурати коҳиши танишҳо дар минтақа таъкид карда ва онро як “таҳаввули мусбат” тавсиф кардааст.
Дар ин гуфтугӯ, вазъияти Сурия ва Лубнон низ мавриди баҳс қарор гирифта ва Эрдуғон хостори пешгирӣ аз бадтар шудани авзоъ дар минтақа шудааст.
Раиси ҷумҳури Туркия ҳамчунин, дар бораи нишасти НАТО, ки қарор аст дар моҳи июл дар Анқара баргузор шавад, гуфтааст, ки Туркия барои муваффақияти ин нишаст омодагӣ дорад.
Доналд Трамп низ пас аз ин тамос гуфтааст, ки гуфтугӯи “бисёр хубе” бо Эрдуғон дошта ва равобити миёни ду тарафро “бисёр хуб” тавсиф кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”