Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Гутерриш: “Масъулияти давлатҳо дар мубориза бо буҳрони иқлимӣ як асли ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ аст”
Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз тасвиби қатъномаи Маҷмаи умумӣ дар бораи назари машваратии Девони байналмилалии додгустарӣ (ICJ) оид ба тағйироти иқлимӣ истиқбол кардааст.
Гутерриш шаби чоршанбе, 20-уми май дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки ин иқдом “таъйиди қавии ҳуқуқи байналмилалӣ, адолати иқлимӣ, илм ва масъулияти давлатҳо” дар баробари буҳрони рӯ ба густариши иқлимӣ аст.
Ӯ афзудааст, ки кишварҳо масъулият доранд аз мардум дар баробари паёмадҳои тағйироти иқлимӣ муҳофизат кунанд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид таъкид кардааст “касоне, ки дар тағйироти иқлимӣ камтарин нақро доранд, бештар зарар мебинанд” ва ин вазъият як беадолатии ошкор аст.
Ӯ гуфтааст, ки ин беадолатӣ бояд поён ёбад.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон, кишварҳои фақир ва осебпазир аз паёмадҳои тағйироти иқлимӣ зарари бештар мебинанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”