27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
21.05.2026 06:46

Толибон Институти илмҳои тандурустии “Борон”-ро дар Бомиён бастанд ва масъулони онро боздошт карданд

Расонаҳои Афғонистон дар такя ба манобеи маҳаллии худ навиштаанд, ки дар вилояти Бомиёни Афғонистон гурӯҳи террористии Толибон масъулон ва кормандони Институти илмҳои тандурустии “Борон”-ро бори дувум боздошт карда ва ин маркази омӯзиширо бастаанд.

Манобеи ин расонаҳо рӯзи 20-уми май гуфтаанд, ки истихбороти Толибон рӯзи 18-уми май бо ҳуҷум ба ин институт дар маркази Бомиён, Навид Музаффарӣ, яке аз муассисони ин марказ ва бархе ҳамкорони он, аз ҷумла Абдулҳақ Шафақ, мудири коргузорӣ ва Муҳаммадҳасан Акбарӣ, мудири таълимро боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи манобеи расонаҳо, дар ҷараёни ин ҳаҷум ҳафт нафар аз устодон ва низ доктор Алӣ Наҷафӣ, раиси ин институт боздошт шуда ва чанд соат баъдтар озод шудаанд.

Бо ин ҳол, то кунун аз сарнавишти дигари боздоштшудагон иттилое дода нашудааст.

Институти илмҳои тандурустии “Борон” дар минтақаи Пушти Майдон, дар наздикии майдони ҳавоии Бомиёни Афғонистон фаъолият дошта ва дар ин кишвар яке аз нодиртарин марказҳои омӯзишӣ, ки ба духтарон дар риштаҳои илмҳои тандурустӣ омӯзиш медод, ба ҳисоб меравад.

Ин нахустин бор нест, ки Толибон ин маркази омӯзиширо ҳадаф қарор медиҳанд.

Толибон пас аз тасаллути дубора бар Афғонистон, маҳдудиятҳои густурдаеро бар омӯзиши духтарон ҷорӣ кардаанд ва дар моҳҳои охир фишор бар ниҳодҳои омӯзишии фаъол дар бахши омӯзиши духтарон дар Афғонистон афзоиш ёфтааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.