Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Бонки миллӣ лоиҳаи озмоишии андозбандии соҳибкоронро шарҳ дод
Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе вобаста ба лоиҳаи озмоишӣ дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ хабар дод, ки лоиҳаи мазкур ба амалиётҳои интиқоли маблағ байни шахсони воқеӣ, аз ҷумла байни аъзои оила, хешу табор ва дигар шаҳрвандон, ки хусусияти тиҷоратӣ надоранд, дахл надорад.
"Ҳадафи асосии лоиҳаи озмоишӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ, содагардонии равандҳои андозбандӣ ва рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мебошад", - зикр кардааст манбаъ.
Таъкид мегардад, ки дар доираи лоиҳаи мазкур меъёри андоз барои соҳибкорони инфиродӣ аз 6 фоиз то 3 фоиз паст карда шуда, ҳисобкунии андоз ба таври худкор сурат мегирад.
"Ҳамзамон, бо мақсади ҳавасмандгардонии истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ, қисми муайяни ин меъёр, яъне 1 фоиз, ба харидор (пардохткунанда) баргардонида мешавад (кешбэк)", - меафзояд Бонки миллии Тоҷикистон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”