27 Сентябр 2026,
якшанбе, 21:03, Душанбе
20.05.2026 16:48

Рақобати 6 ҳазор кас барои 1670 ҷой. Озмуни квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо иштироки ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии даври сеюми озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2026–2027 ҷаласа баргузор гардид.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад, Раҳим Саидзода, вазири маориф зимни суханронӣ ба ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд, шаффоф ва одилона баргузор намудани озмун дастуру супориш дода, таъкид намуд, ки танҳо довталабони арзанда, донишманд ва соҳибмаърифат бояд соҳиби квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гарданд.

Манбаъ меафзояд, ки бо таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон шумораи квотаҳои президентӣ зиёд гардида, теъдоди онҳо ба 1670 ҷой расонида шуд.

Гуфта мешавад, ки қисми зиёди квотаҳо ба самтҳои омӯзгорӣ, илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ равона гардидааст.

Иттилоъ дода мешавад, ки тибқи пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии 61 шаҳру ноҳияи кишвар барои иштирок дар даври сеюми озмун зиёда аз 6 ҳазор довталаб, ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ пешниҳод шудаанд. Озмуни мазкур барои дарёфти 1670 ҷойи квотаи Президентӣ ба 18 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.