Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Барканории Қолибоф аз тими музокиракунандаи Эрон рад шуд
Раиси Маркази расонаии Маҷлиси Шурои Исломии ҶИЭ барканории Муҳаммадбоқир Қолибоф аз раёсати ҳайати музокиракунандаи ин кишварро рад кард.
Ба гузориши хабаргузории Тасним, Имон Шамсоӣ, раиси Маркази иртиботот, расона ва умури фарҳангии Маҷлиси Шурои Исломӣ дар изҳори назаре дар фазои маҷозӣ иддаои матраҳшуда тавассути бархе нафарон ва ҷараёнҳоро оиди барканории Қолибоф аз раёсати ҳайати музокиракунандаи Эрон рад кард.
Раиси Маркази иртиботот, расона ва умури фарҳангии Маҷлиси Эрон навишт: “Иддаои ҷадиди бархе афрод оиди барканор рафтани доктор Қолибоф аз сарпарастии тими музокиракунанда бофтаи маҳз ва дурӯғи ошкор аст.
Дубора таъкид мекунам, ки доктор Қолибоф ҳамчунон раёсати тими музокиракунандаро бар уҳда доранд ва ҳамзамон, ба пешниҳоди раиси ҷумҳури муҳтарам ва таъйиди раҳбари муаззами Инқилоб ба унвони намояндаи вижаи низом дар умури Чин интихоб шудаанд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад