Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Си Ҷинпин: «Русия ва Чин ҳамкории ҳамоҳангшударо барои давраи нав тавсеа додаанд»
Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин гуфтааст, ки Русия ва Чин ҳамкории стратегии ҳамоҳангшударо барои давраи нав бар пояи баробарӣ тавсеа додаанд.
Хабаргузории «Синхуа» рӯзи 20-уми май хабар дод, ки Си Ҷинпин ин мавзуъро дар дидор бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия баён кардааст.
Бар асоси гузориш, раиси ҷумҳури Чин гуфта, ки равобити Чин ва Русия вориди марҳалаи тоза аз дастовардҳои бузургтар ва тавсеаи сареътар шудааст.
Си Ҷинпин афзудааст: «Дар солҳои охир, дар ростои чунин вазъияти тағйирёбанда ва пурталотуми байналмилалӣ, Чин ва Русия бар пояи баробарӣ, эҳтироми мутақобил, ҳусни ният ва мушорикати ҷомеъи роҳбурдии ҳамоҳанг барои асри ҷадидро тавсеа додаанд”.
Раиси ҷумҳури Чин ҳамчунин, илова кардааст, ки ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф монанди тиҷорат ва иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, илм ва фанноварӣ, табодулоти мардумӣ ва ҳамкориҳои минтақаӣ ба пешрафти худ идома дода ва пайвандҳои миёни мардуми ду кишвар низ мустаҳкамтар шудааст.
Бо ин ҳол, бархе мақомоти русӣ аз густариши ҳамкориҳои Русия ва Чин дар ҳавзаи кайҳоншиносӣ хабар додаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”