27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:48, Душанбе
20.05.2026 09:22

“Ояндаи рақамӣ”. Дар пайтахт «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон” оғоз шуд

Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе 19-уми май дар пойтахт «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» бо номи «35 соли Истиқлол: ояндаи рақамӣ аз диди наврасону ҷавонон» оғоз шуд.

Тавре ки иттилоъ дода мешавад, ҳафтаи илм бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба эҷодкорӣ, навоварӣ ва ихтироъкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули фарҳанги техникӣ, тарғиби истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ ва дастгирии наврасону ҷавонони соҳибистеъдод баргузор карда мешавад.

Таъкид мегардад, ки ин иқдом ба дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав, таҳкими тафаккури илмӣ ва тавсеаи муҳити инноватсионӣ дар байни хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт равона шудааст.

Гуфта мешавад, ки тибқи нақшаи тасдиқшуда, дар доираи Ҳафтаи илм як қатор чорабиниҳои соҳавӣ, аз ҷумла намоишгоҳ, IT-машварат, форуми наврасони асри технология, озмуни шаҳрии «Илм ва амал», ҷамъияти илмии хонандагон, озмуни шаҳрии «Омӯзгори муосир», муҳорибаи роботҳо ва дигар барномаҳои тарбиявию маърифатӣ баргузор мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» то 23-юми май идома меёбад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.