27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
20.05.2026 09:20

Арсенал пас аз 22 сол қаҳрамони Лигаи бартари Англия шуд

Тими футболи Арсенал пас аз 22 соли интизор, қаҳрамони Лигаи бартари Англия шуд.

Ин тим рӯзи сешанбе, 19-уми май пас аз мусовии як бар яки Манчестер Сити муқобили Борнмут, ба таври расмӣ унвони қаҳрамониро ба даст овард.

Арсенал дар тӯли фасл тақрибан дар бештари бозиҳо садрнишини ҷадвал буд ва дар ниҳоят бо чаҳор имтиёзи ихтилоф нисбат ба Манчестер Сити қаҳрамон шуд.

Манчестер Сити барои зинда нигоҳ доштани шонси қаҳрамонӣ ниёз ба пирӯзӣ дар ин дидор дошт, аммо танҳо ба мусовӣ ризоият дод ва бад-ин тартиб қаҳрамонӣ ба Арсенал расид.

Арсенал бо ин қаҳрамонӣ, чаҳордаҳумин унвони Лигаи бартари худро ба даст оварда ва нахустин ҷоми Лигаи бартари ин бошгоҳ аз фасли 2003–2004 ба ин сӯ маҳсуб мешавад.

Ин дар ҳолест, ки пас аз эъломи қаҳрамонӣ, ҷашнҳои густардае дар Лондон ва миёни ҳаводорони ин тим дар нуқоти мухталифи Британия баргузор шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.