Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия аз эҳтимоли иҷрои лоиҳаи муштарак бо Амрико ва Чин хабар дод
Кремл эълом кардааст, ки Русия дар ҳоли баррасии имкони иҷрои лоиҳаи муштарак бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Чин аст.
Хабаргузории “РИА Новости” рӯзи 19-уми май гузориш дода, ки Кирилл Дмитриев, раиси Фонди сармоягузории мустақими Русия ва намояндаи вижаи раиси ҷумҳури ин кишвар, ин мавзуъро ба расонаҳои давлатии Русия гуфтааст.
Дмитриев гуфта, ки дар чаҳорчӯби Фонди сармоягузории мустақими Русия бархе лоиҳаҳо, аз ҷумла тарҳҳое бо иштироки Чин ва Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли баррасӣ аст.
Ӯ афзудааст, ки ин тарҳҳо дар ростои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни кишварҳои мухталиф дунбол мешавад.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ шудааст, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳоло дар Пекин ҳузур дорад ва қарор аст бо Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дидор кунад: дидоре, ки танҳо чанд рӯз пас аз гуфтугӯҳои Си Ҷинпин бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, анҷом мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”