Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Расонаҳои Афғонистон: тамаркузи Толибон бар мадрасаҳои динӣ, донишомӯзонро нисбат ба дарс дилсард кардааст
Расонаҳои Афғонистон ба дунболи нашри аксҳое аз хонандагони як мактаб, ки дар синф хоб рафтаанд, аз дилсардии донишомӯзон ба далели тамаркузи гурӯҳи террористии Толибон бар мадрасаҳои динӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба вазъияти мактабҳои ин кишвар хабар медиҳанд.
Хабаргузории “8-и субҳ”-и Афғонистон навиштааст, ки пас аз дубора ба сари қудрат расидани Толибон, таълимоти муосир дар Афғонистон аз рӯйи нақша аз байн бурда мешавад.
Ба гуфтаи ин расона, тамаркузи аслии Толибон ба мадрасаҳои динӣ барои омӯзиши масоили мазҳабӣ аст.
Расонаҳои Афғонистон навиштаанд, ки дар бисёре аз мактабҳо, ба ҷойи таълими фанҳои асосӣ, ба монанди риёзӣ, физика ва кимиё замони бештаре ба мавзуъҳои ҷиҳодӣ, сиёсӣ, ҷангӣ ва масоили фикрии вобаста бо гурӯҳи Толибон ихтисос дода мешавад.
Расонаҳо мегӯянд, ки нигарониҳо дар мавриди коҳиши ҳаваси таълимоти муосир ва афзоиши тамаркуз бар мадрасаҳои динӣ дар сохтори омӯзишии Афғонистон ҳамчунон идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки хонандагон ва донишҷӯёни Афғонистон ба далели мушкилоти иқтисодӣ аз раванди омӯзиш маҳрум шудаанд ва аз сӯи дигар, сиёсатҳо ва сахтгириҳои гурӯҳи террористии Толибон, ононро маҷбур мекунад, ки нисбат ба ин раванд дилсард ва беалоқа шаванд.
Бо ин ҳол, аз рӯйи маълумот Толибон дар баробари сохтани як мактаб, бо маблағи зиёд 15 мадрасаи динӣ сохтаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”