Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия ва Беларус машқҳои силоҳҳои ҳастаӣ баргузор карданд
Русия ва Беларус дар вазъияти бунбасти ҳамкориҳои низомӣ бо Вашингтон ва Брюссел дар моҳҳои ахир размоиши силоҳҳои ҳастаии муштарак баргузор карданд.
Ба гузориши расонаҳои Белорус Вазорати мудофиаи ин кишвар пештар дар иртибот бо ин рӯйдоди низомӣ, ки дирӯз, 18-уми май баргузор шуд, дар баёнияе эълом карда, ки дар ин размоиш, масоили марбут ба таҳвили муҳиммоти ҳастаӣ ва омодасозии истифода аз онҳо бо ҳамкории Русия тамрин мешавад.
Вазорати мудофиаи Белорус дар баёнаяи худ чунин навиштааст: “Ин омӯзиши барномарезишуда алайҳи кишварҳои ҳамсоя нест ва таҳдиде барои амнияти минтақа эҷод намекунад”.
Русия дар канори баргузории ин машқи силоҳҳои ҳастаӣ бо Беларус, соли гузашта мушаки “Орешник”-родар хоки Беларус мустақар карда буд. Ин мушак ҷадидтарин мушаки сайёри дорои қобилияти ҳамли кулоҳаки ҳастаӣ мебошад.
Рӯзномаи русии “Коммерсант” дар ин бора дар гузорише навишт, ки ҳадафи аслии машқҳои Русия ва Беларус “беҳбуди омӯзиши персонели низомӣ, озмоиши омодагии силоҳҳо, таҷҳизоти низомӣ ба вижа барои маъмуриятҳо” аст.
Ин дар ҳолест, ки Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина бо иддаои ин, ки Русия аз пойгоҳҳои Беларус барои ҳамла ба кишвараш истифода мекунад, дастури тақвияти ҳузури низомии Украина дар марз бо Беларусро додааст.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар ин бора чунин гуфт: “Иддаои Зеленский оиди ин, ки Русия метавонад аз хоки Беларус ба Украина ё як кишвари НАТО ҳамла кунад, чизе бештар аз талош барои доман задан ба ҷанг нест”.
Вай таъкид кард: “Чунин суханоне шоистаи ҳеч гуна изҳори назаре нест. Беларус муттаҳиди Русия аст ва мо бо он дар қолаби як кишвари иттиҳод фаъолият дорем, аммо он як кишвари мустақил аст. Бинобар ин, чунин изҳороте чизе бештар аз талош барои доман задан ба ҷанг ва ташдиди танишҳо нест”.
Сухангӯи Кремл хотирнишон карда, ки неруҳои мусаллаҳи ин кишвар танҳо ба ҳадафҳои низомӣ ё шабҳинизомӣ дар Украина ҳамла мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”