Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Исломобод: ҷаҳон хоҳони ҷанг бо Эрон нест. Исроил танҳо мондааст
Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири мудофиаи Покистон бо тамҷид аз руҳияи қавии Эрон дар замони ҷанги Амрико ва Исроил бар зидди Эрон гуфт: “Эҳтимоли оғози ҷанги дигар бисёр кам аст, зеро ҳеч кишваре аз ҷумла ҳамсоягони Эрон дар он сӯи Халиҷи Форс ҳомии ҷанг алайҳи Теҳрон нестанд ва Исроил дар ин масир танҳо мондааст. Чаро ки афкори умумии ҷаҳон ва ҳатто Амрико низ мухолифи ҷанги интихобии Вашингтон ҳастанд”.
Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири мудофиаи Покистон дар изҳороте дар барномаи сиёсии шабакаи “Ҷио Нюз” (Geo News) рӯзи 19-уми май дар Исломобод бо ишора ба дидори охираш бо ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳошияи нишасти вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Бишкек гуфта, ки эрониён азму руҳияи фавқулодае доранд.
Вай афзудааст: “Тасаввур намекунам, ки ҷанг дубора оғоз шавад, имрӯз мо шоҳиди мухолифати шадиди мардуми кишварҳои ҷаҳон алайҳи як ҷанге ҳастем, ки онро ҷанги интихобии Амрико медонанд, ҳатто афкори умумӣ дар Амрико мухолифи ҷанг ҳастанд”.
Ӯ такид кардааст, ки равобити Покистон бо Эрон як равобити таърихӣ аст: “Мо бо Эрон пайванди забонӣ ва ҳамсоягӣ дар тули ҳазорон сол дорем ва аз ин рӯ, муътақидам, ки ҳатто кишварҳои ҳамсояи Эрон дар он сӯи Халиҷи Форс низ ҳомии ҷанг нестанд”.
Хоҷа Муҳаммад Осиф афзудааст: “Барои мо мавзеи Чин ва Русия муҳим аст ва дидгоҳи онон бисёр равшан буда ва қобили дарк аст. Онҳо дар канори дигар кишварҳо ҳаргиз ҳомии ҷанг алайҳи Эрон нестанд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”