Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Чанде аз кишварҳои ҷаҳон рабудани киштиҳои кумакрасони “Сумуд” аз ҷониби Исроилро маҳкум карданд
Вазорати хориҷаи Покистон дар як баёнияи муштарак бо вазирони хориҷаи чанд кишвари дигар, рабудани киштиҳои кумакрасони “Сумуд”-ро аз сӯи Исроил маҳкум кардааст.
Вазирони хориҷаи Туркия, Покистон, Бразилия, Индонезия, Испания ва чанд кишвари дигар, рӯзи 19-уми май дар ин бора баёнияи муштарак содир кардаанд.
Дар баёния гуфта шудааст, ки вазирони хориҷаи Покистон, Туркия, Бангладеш, Бразилия, Колумбия, Индонезия, Урдун, Либия, Малдив ва Испания ҳамлаҳои муҷаддади Исроил алайҳи новгони ҷаҳонии “Сумуд”-ро ба шадидтарин шакл маҳкум мекунанд.
Бар асоси баёния, ин киштиҳо як ибтикори башардӯстона ва сулҳомези ғайринизомӣ аст, ки бо ҳадафи ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ба ранҷи фоҷеабори инсонии мардуми Фаластин шакл гирифтааст.
Вазорати хориҷаи ин кишварҳо иқдоми Исроилро нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилал ва ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилал хондаанд.
Вазирони хориҷаи ин кишварҳо, ҳамчунин, хостори озодии фаврии тамоми фаъолони боздоштшуда ва низ эҳтироми комил ба ҳуқуқ ва каромати онон шудаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи гузашта, Франческа Албанизе, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури Фаластин, аз кишварҳои ҳавзаи Баҳри Миёназамин хоста буд, ки аз киштиҳои башардӯстонаи “Сумуд” муҳофизат кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”