Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Путин дар сафар ба Чин бо Си Ҷинпин дар бораи ҷаҳони чандқутбӣ ва равобити дуҷониба гуфтугӯ мекунад
Юрий Ушаков, ёрдамчии Президенти Федератсияи Русия мегӯяд, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар ҷараёни сафараш ба Чин бо Си Ҷинпин, раҳбари ин кишвар, дар бораи муҳимтарин ва ҳассостарин мавзуҳои равобити дуҷониба ва ҳамкорӣ дар бахши энергетикӣ гуфтугӯ хоҳад кард.
Хабаргузории “ТАСС”, шоми рӯзи 18-уми май ба нақл аз Ушаков гузориш додааст, ки дар ин гуфтугӯҳо мавзуи таъмини гидрокарбонҳо ва лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ миёни ду кишвар низ шомил хоҳад буд.
Ушаков ҳамчунон таъкид кардааст, ки ҳеч иртиботе миёни сафари Путин ба Чин ва сафари Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба ин кишвар вуҷуд надорад.
Ӯ гуфтааст, ки таърихи ин сафар пас аз гуфтугӯи видеоии раҳбарони Русия ва Чин дар 4-уми феврали 2026 таъйин шуда ва барномаи дидор дар 20-уми май дар Пекин оғоз хоҳад шуд.
Бар асоси гузориш, Путин шоми 19-уми май вориди Пекин мешавад ва аз сӯи вазири хориҷаи Чин Ван И мавриди истиқбол қарор мегирад.
Ба гуфтаи ёрдамчии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Си Ҷинпин дар бораи лоиҳаҳои муҳимми энергетикӣ, аз ҷумла хатти лӯлаи гази “Қудрати Сибир 2” низ гуфтугӯ хоҳанд кард.
Ушаков афзудааст, ки дар поёни ин сафар, ду тараф эъломияе дар бораи “ҷаҳони чандқутбӣ ва навъи ҷадиди равобити байналмилалӣ” имзо хоҳанд кард ва ҳудуди 40 санади ҳамкорӣ миёни Маскав ва Пекин ба имзо хоҳад расид.
Бар асоси омори ироашуда, ҳаҷми тиҷорат миёни Русия ва Чин ба 240 миллиард доллар расида ва бахши асосии мубодалот миёни ду кишвар бо истифода аз рубл ва юан анҷом мешавад.
Дар бахши энергетикӣ низ Русия яке аз муҳимтарин содиркунандагони нафт ва газ ба Чин мебошад ва содироти нафти Русия ба Чин дар соли ҷорӣ ҳудуди 35 дарсад афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”