Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Арсенал бо пирӯзӣ бар Бернли як қадам ба Қаҳрамонии лига наздиктар шуд
Тими футболи Арсенал бо пирӯзии як бар сифр дар хона муқобили Бернли, дар остонаи касби нахустин қаҳрамонии Лигаи бартари Англия аз соли 2004 қарор гирифт.
Ин дидор рӯзи душанбе, 18-уми май дар варзишгоҳи Эмирейтси шаҳри Лондон баргузор шуд.
Кай Хавертс, ҳамлавари олмонии Арсенал, дар дақиқаи 37-ум ягона голи ин бозиро ба самар расонд.
Арсенал бозиро оҳиста оғоз кард, дар ҳоле, ки нигаронӣ аз лағзиши эҳтимолӣ ва коҳиши фосилаи Манчестер Сити сабаби эҳтиёти бештари ин тим дар дақиқаҳои ибтидоӣ шуда буд.
Бо гузашти замон, шогирдони Микел Артета фишори бештаре ворид карданд ва дар ниҳоят бо як зарбаи сахт ба гол расиданд.
Дар нимаи дувум, Хавертс дар як саҳнаи машкук корти сурх гирифт, аммо пас аз баррасии VAR, ба ӯ корти зард дода шуд.
Дар ниҳоят, Арсенал бо ин пирӯзӣ соҳиби 82 хол шуд ва бо панҷ имтиёз нисбат ба Манчестер Сити дар садри ҷадвали Лигаи бартар боқӣ монд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”