Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эрдуғон: “Ҳамлаи Исроил ба корвони “Новгони ҷаҳонии Сумуд” дуздии дарёӣ ва роҳзанӣ аст”
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия ҳамлаи Исроил ба корвони “Новгони ҷаҳонии Сумуд” (Global Sumud) -ро маҳкум карда ва онро “дуздии дарёӣ ва роҳзанӣ” хондааст.
Эрдуғон рӯзи 18-уми май пас аз нишасти кобина дар Анқара гуфтааст, ки иқдоми Исроил дар ҳадаф қарор додани ин корвони кумакрасонӣ монеи ҳамбастагии ҷаҳонӣ бо фаластиниҳо ё талошҳо барои барқарории адолат дар Ғазза нахоҳад шуд.
Ӯ гуфтааст: “Мо иқдомҳои Исроилро ба шадидтарин шакл маҳкум мекунем”.
Эрдуғон афзуда, ин корвон як маъмурияти башардӯстона будааст, ки аз сӯи фаъолони ҳудуди 40 кишвари ҷаҳон ҳимоят мешудааст.
Раиси ҷумҳури Туркия аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоста дар баробари иқдомҳои Исроил вокуниши амалӣ нишон диҳад ва гуфтааст, ки Исроил ҳамчунон бо муҳосира ва ҳамлаҳои худ қонунҳои байналмилалиро поймол мекунад.
Бояд гуфт, ки ин корвон дар чаҳорчӯби талошҳои байналмилалӣ барои шикастани муҳосираи Ғазза ва расондани кумакҳои башардӯстона ба фаластиниҳо созмондеҳӣ шуда буд.
Туркия пеш аз ин низ ҳамлаҳои Исроил ба Ғаззаро маҳкум карда ва хостори оташбаси фаврӣ ва дастрасии бидуни монеи кумакҳои башардӯстона шуда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”