Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Мақоми эронӣ: Эрон Амрикоро водор ба ақибнишинӣ ва таслим хоҳад кард
Муҳсин Ризоӣ, узви Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низомии Эрон, гуфтааст, ки Теҳрон Амрикоро “водор ба ақибнишинӣ ва таслим” хоҳад кард.
Расонаҳои Эрон рӯзи 18-уми май гузориш доданд, ки Ризоӣ мавзеъи тунде ироа карда ва ба назар мерасад Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрикоро ба хотири таъйини “муҳлат барои ҳамлаи низомӣ” ва сипас, лағви он мавриди интиқод қарор додааст.
Ризоӣ гуфта, ки ин иқдом бо ҳадаф ва бо ин тасаввур, ки битавонад миллат ва масъулони Эронро водор ба таслим кунад, анҷом шудааст.
Ӯ афзудааст: “Мушти оҳанини неруҳои мусаллаҳи қудратманд ва миллати бузурги Эрон, онҳоро водор ба ақибнишинӣ ва таслим хоҳад кард”.
Ӯ дар идома таъкид кардааст, ки фишор ва таҳдид алайҳи Эрон натиҷае нахоҳад дошт ва вокуниши Теҳрон дар баробари иқдомҳои хасмона идома хоҳад дошт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”