Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
“Фарогир”: сиёсатҳои Толибон бар зидди занон ба густариши ифротгароӣ дар Афғонистон доман задааст
Ниҳоди “Фарогир” дар гузориши тозаи худ эълом кардааст, ки маҳдудиятҳои густардаи гурӯҳи террористии Толибон бар занон дар Афғонистон на танҳо ҳуқуқи асосии ононро поймол карда, балки ба густариши ифротгароӣ ва ноамнии иҷтимоӣ дар ин кишвар низ доман задааст.
Ниҳоди “Фарогир” рӯзи 18-уми май гуфтааст, ин гузориш бар асоси таҳлили садҳо саргузашт аз занон ва мардон дар 14 вилояти Афғонистон таҳия шуда ва паёмадҳои сиёсатҳои Толибон аз замони тасаллути онон дар Афғонистонро баррасӣ мекунад.
Дар ин гузориш омадааст, ки сиёсатҳои Толибон дар заминаи маҳдудсозии ҳуқуқи занон, ба вижа дар бахши омӯзиш, ба яке аз омилҳои аслии шаклгирии фазои ифротӣ дар ҷомеа табдил шудааст.
Ниҳоди “Фарогир” мегӯяд, ки маҳрумияти духтарон аз таълим дар макотиби миёна ва олӣ, дар канори густариши мадрасаҳои динӣ, нигарониҳо дар бораи ифротгароиро афзоиш додааст.
Бар асоси гузориш, дар солҳои ахир шумори мадрасаҳои динӣ дар Афғонистон ба гунаи қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфта ва дар бархе мавридҳо аз теъдоди мактабҳои расмӣ низ бештар шудааст.
Ин ниҳод ҳамчунин, ҳушдор дода, ки фазои тарс, маҳдудиятҳои иҷтимоӣ, боздоштҳои худсарона ва фишорҳои иқтисодӣ, эҳсоси ноамниро ба вижа дар миёни занон афзоиш додааст.
Ниҳоди “Фарогир” гуфтааст, ки набуди ниҳодҳои ҳимоятӣ ва идомаи маҳдудиятҳо метавонад заминасози густариши бештари хушунат ва ифротгароӣ дар ҷомеаи Афғонистон шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”