27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
18.05.2026 18:09

Маҳдудиятҳои Толибон дар Панҷшер. Сокинон: “Чорвочаронӣ дар дараҳоро иҷоза намедиҳанд”

Сокинони ноҳияи (вулусволии) Обшори вилояти Панҷшери Афғонистон ба расонаи “8-и субҳ” гуфтаанд, дар фасли баҳор, ки маъмулан мардум ба чорводорӣ ва кишоварзӣ машғуланд, неруҳои гурӯҳи террористии Толибон ба сокинон иҷоза намедиҳанд, ки ба чарогоҳҳо раванд.

Ба гуфтаи сокинон, ҳеч кас бидуни ҳамоҳангӣ бо постҳои низомӣ иҷозаи вуруд ба дараҳо ва чарогоҳҳоро надорад ва дар ғайри он бо бархӯрд рӯбарӯ мешавад.

Сокинон афззудаанд, ки дар натиҷаи ин маҳдудиятҳо, шуморе аз хонаводаҳо ночор шудаанд чорвоҳои худро ба фурӯш бароранд, зеро ба гуфтаи онҳо, идомаи зиндагӣ бидуни чорводорӣ дар ин минтақа душвор аст.

Сокинони маҳал ҳамчунин, мегӯянд, ки дар минтақаи Қавли Сангихон барои муддати зиёд иҷозаи киштукор дода нашуда ва акнун низ дастрасӣ ба бархе дараҳо ва заминҳои зироатӣ маҳдуд шудааст.

Ба гуфтаи онон, ноҳияи Обшор 30 ҳазор нафар ҷамъият дорад ва бошандагони он одатан ба деҳқонӣ ва чорводорӣ машғуланд.

Сокинон таъкид кардаанд, ки ин маҳдудиятҳо фишори иқтисодии бештаре бар хонаводаҳо ворид кардааст.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.