Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Бақоӣ: “Музокирот бо Амрико аз тариқи Покистон идома дорад”
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон эълом карда, ки музокирот байни Амрико ва Эрон бо миёнҷигарии Покистон дар ҳоли анҷом аст.
“Ал-Ҷазира” рӯзи душанбе, 18-уми май гузориш дода, ки Исмоил Бақоӣ гуфтааст Вашингтон ва Теҳрон, ҳар ду назароти худро дар мавриди пешниҳоди ахири Эрон ирсол кардаанд.
Гуфта мешавад, ки Эрон пешниҳоди худро аз тариқи Сайид Муҳсин Нақавӣ, вазири корҳои дохилаи Покистон, ки ба Эрон сафар карда буд, ба Вашингтон ироа кардааст.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико пештар пешниҳоди Эронро дар бораи оғози даври дуюми музокирот, “комилан ғайри қобили қабул” хонда буд.
Бо ин ҳол, рӯзи гузашта Доналд Трамп ба Эрон ҳушдор дода, ки сареъ амал кунад, зеро вақт зуд дар ҳоли гузар аст.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки танишҳо миёни Эрон ва Амрико ҳамчунон идома дорад ва бо вуҷуди музокироти сулҳ бо миёнҷигарии Покистон то кунун ба тавофуқ даст наёфтаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”