Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Пас аз панҷ сол. UFC расман аз бозгашти Конор Макгрегор хабар дод
Собиқ чемпиони UFC дар ду вазн Конор Макгрегор пас аз панҷ сол ба майдон мебарояд.
Тавре ки роҳбари ташкилоти UFC Дана Уайт хабар дод, размкори ирландӣ Конор Макгрегор бо варзишгари амрикоӣ Макс Холлоуэй рақобат мекунанд.
Рақобати Конор Макгрегор ва Макс Холлоуэй 11-уми июл дар мусобиқаи UFC 329 дар вазни ниммиёна баргузор мегардад. Дар асл, ин размкорон дар вазни сабук баромад мекунанд, вале муҳорибаи мазкур дар вазни 77 кило тасдиқ шудааст.
Конор Макгрегор аз ҷумлаи номдортарин варзишгарони муҳорибаҳои омехта аст. Ӯ охирин маротиба соли 2021 ба майдон баромада буд. Тӯли панҷ сол чанд маротиба кӯшиши ба майдон баромадан кард, вале муваффақ нашуд.
Гуфта мешавад, ки Конор Макгрегор ва Макс Холлоуэй бори аввал соли 2013 рақобат карда буданд ва дар он муҳориба варзишгари ирландӣ бо қарори доварон ғолиб дониста шуда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”