Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ лоиҳаи озмоишии андозбандиро расман шарҳ дод
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба лоиҳаи озмоишии андозбандии рақамии соҳибкорони инфиродӣ расман тавзеҳот нашр кард.
Дар тавзеҳот омадааст, ки лоиҳаи мазкур ба андозбандии интиқоли маблағ байни шаҳрвандон равона нашудааст. Интиқоли одии маблағ байни аъзои оила, дӯстон, наздикон ва дигар шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои электронӣ, барномаҳои мобилӣ ё хизматрасониҳои рақамӣ мавриди андозбандӣ қарор намегирад.
“Ҳадафи асосии лоиҳа дастгирии соҳибкории хурд, рушди иқтисоди рақамӣ ва фароҳам овардани низоми муосиру шаффофи фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Лоиҳа танҳо ба ҳолатҳое дахл дорад, ки шахс ба фаъолияти доимии соҳибкорӣ машғул буда, аммо расман ҳамчун соҳибкор ба қайд гирифта нашудааст”, - навиштааст манбаъ.
Афзуда мешавад, ки дар доираи лоиҳаи озмоишӣ як қатор имконияту сабукиҳои нав барои соҳибкорон пешбинӣ гардидааст, аз ҷумла: меъёри андоз барои соҳибкорони инфиродӣ аз 6% то 3% коҳиш дода мешавад, ҳисоб ва пардохти андоз ба таври худкор анҷом дода мешавад, шумораи санҷишҳо ва расмиёти зиёдатӣ кам мегардад ва ғайраҳо.
“Яке аз бартариҳои муҳими лоиҳа ҷорӣ намудани низоми “кешбэк андоз” мебошад. Дар сурати анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ, ба харидор 1% маблағ дар шакли кешбэк баргардонида мешавад. Ин тадбир ҳам барои шаҳрвандон манфиатовар буда, ҳам ба рушди иқтисоди шаффоф ва муосир мусоидат мекунад”, - зикр мегардад дар тавзеҳот.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”