Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар саросари кишвар баргузор гардид
17-уми май дар саросари кишвар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд.
Тибқи иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Душанбе беш зиёда аз 32 ҳазор кас дар Дави миллӣ ширкат варзиданд. Инчунин, дар пойтахт зиёда аз 400 нафар дар марафони велосипедронӣ иштирок намуданд.
Бинобар маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон, беш аз 30 ҳазор нафар дар шаҳри Бохтар дар Дави миллӣ иштирок намуданд. Инчунин, зиёда аз 1200 нафар дар маркази маъмурии вилояти Хатлон дар марафони велосипедронӣ ширкат карданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки беш аз 26 ҳазор нафар маъракаи васеи Дави миллӣ ва бо иштироки наздики 1000 нафар марафони велосипедронӣ баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар кишвар якшанбеи сеюми моҳи май Дави миллӣ гузаронида мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”