Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Владимир Путин ва раиси Иморот дар бораи буҳрони Ховари Миёна гуфтугӯ карданд
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Муҳаммад бин Зойид Оли Наҳён, раиси Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар бораи таҳаввулоти ахир дар минтақа гуфтугӯи телефонӣ карданд.
Вазорати хориҷаи Русия рӯзи шанбе, 16-уми май бо нашри хабарномае гуфтааст, ки ду тараф дар бораи масоили вобаста ба буҳрон дар Ховари Миёна ва вазъияти феълии Эрон гуфтугӯ карданд.
Дар ин гуфтугӯ, ду тараф бар аҳамияти идомаи равандҳои сиёсӣ ва дипломатӣ бо ҳадафи расидан ба тавофуқ ва дар назар гирифтани манофеи кишварҳои минтақа таъкид карданд.
Ду тараф аз тавсеаи ҳамкориҳои Русия ва Иморот дар ҳавзаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ ва иқтисодӣ ибрози ризоят карда ва бар тадовуми равобити наздики дуҷониба тавофуқ карданд.
Владимир Путин дар ин гуфтугӯ аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба далели кумакҳои башардӯстона дар иртибот бо паёмадҳои ҷанги Украина низ қадрдонӣ кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”