Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҷунбиши занони Панҷшер: Боздоштҳо ва тамаъҷӯии сокинон бо баҳонаи силоҳ шадидтар шудааст
Ҷунбиши занони Панҷшери Афғонистон афзоиши боздоштҳои худсарона, шиканҷа ва тамаъҷӯӣ аз сокинони ин вилоят аз ҷониби гурӯҳи террористии Толибонро башиддат маҳкум кардааст.
Ин ҷунбиш рӯзи шанбе, 16-уми май бо нашри хабарномае гуфтааст, ки неруҳои Толибон дар ду моҳи охир даҳҳо тан аз сокинони ноҳияҳои мухталифи Панҷшерро ба баҳонаҳои гуногун боздошт кардаанд.
Ба гуфтаи ин ҷунбиш, афроди боздоштшуда нахуст ба посгоҳҳои маҳаллӣ ва сипас, ба маркази вилоят бурда шуда ва таҳти фишор қарор гирифтаанд, то силоҳ диҳанд ё пул пардохт кунанд.
Ин ҷунбиш ба нақл аз сокинони маҳал гуфта, ки ин боздоштҳо ҳамроҳ бо таҳдид, фишор ва шиканҷа сурат гирифта ва бисёре аз нафарон пас аз пардохти пул ё таҳвили силоҳ озод шудаанд. Аммо бархеи дигар ҳанӯз дар боздошт қарор доштаанд.
Ба гуфтаи ин ҷунбиш, дар бархе рустоҳо ба сокинон ҳушдор дода шудааст, ки “ё силоҳ ё пул ва ё зиндон» дар интизори онон хоҳад буд.
Ин ҷунбиш гуфта, ки идомаи ин вазъият, шароити инсонӣ ва равонии мардумро бадтар сохта ва бисёре аз хонаводаҳоро бо мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ кардааст.
Ҷунбиши занони Панҷшер аз ниҳодҳои нозири байналмилалии ҳуқуқи башар хостааст, ки дар баробари ин вазъият сукут накунанд ва барои таваққуфи он иқдоми фаврӣ анҷом диҳанд.
Ин ҷунбиш таъкид кардааст, ки дар канори мардуми Панҷшер истода ва дар баробари ончи “зулм ва саркӯб” хонда мешавад, хомӯш нахоҳад монд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”