27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
«Тоҷикфилм» озмуни сенариянависонро эълон кард
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» озмуни ҷумҳуриявии сенариянависонро бо номи «Кӯдакону наврасон – ояндаи миллат» эълон кард.
Бинобар иттилои манбаъ, озмуни мазкур бо мақсади офаридани филмҳои ҳунарии бачагона ва бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, ки филмномаҳои пешниҳодшуда бояд ғояҳои ватандӯстӣ, ростқавлӣ, дӯстӣ, инсондӯстӣ ва ташаббускориро инъикос намуда, инчунин, ҳадафи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро инъикос кунанд.
Ҳамчунин, таъкид мегардад, ки бояд филмномаҳо дар ҳаҷми на камтар аз 40 саҳифаи А4 ва се нусха то 1-уми сентябри соли равон пешниҳод карда шаванд.
“Озмун дар доираи сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» моҳи октябр ҷамъбаст гардида, муаллифони беҳтарин бо ҷоизаҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд. Филмномаҳои ғолиб аз ҷониби Шурои бадеӣ барои наворбардорӣ тавсия мегарданд”, - зикр кардааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”