Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Тоҷикстандарт: “Маҳсулоти қалбакӣ ва пастсифат бо тамғаи “SPLAT” ба фурӯш баромадааст”
Агентии Тоҷикстандарт бо нашри иттилоияе хабар дод, ки гурӯҳе маҳсулоти қалбакӣ ва пастсифатро бо тамғаи ширкати “SPLAT” омодаву ба фурӯш баровардаанд.
Манбаъ меафзояд, ки баъзе нафарон барои ба даст овардани манфиати зиёд бо истифода аз номи ширкатҳо маҳсулоти қалбакӣ омода намуда, ба муомилот мебароранд, ки сифат, ғизонокӣ, бехатарӣ, тамъ ва дигар хусусияти маҳсулоти аслиро надоранд.
Агентии Тоҷикстандарт таъкид мекунад, ки бо дархости ширкати “SPLAT”, ки ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти хамираи дандоншӯӣ машғул аст, аз тамоми шаҳрвандон ва истеъмолкунандагон талаб карда мешавад, ки аз маҳсулоти аслии он харидорӣ намоянд ва аз харидории маҳсулоти қалбакӣ худдорӣ кунанд.
Афзуда мешавад, ки маҳсулоти қалбакие, ки бо тамғаи ширкати “SPLAT” ба фурӯш гузошта шудааст, ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, сифат ва бехатарӣ ҷавобгӯ нест.
Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони Агентии Тоҷикстандарт мониторинг ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз гардида, миқдори муайяни маҳсулоти қалбакӣ аз муомилот гирифта шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”