Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Купер: “Афғонистон ҳанӯз ҳам дар хати аввали таҳдидҳои террористӣ қарор дорад”
Як мақоми низомии Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, Афғонистон ҳамчунон дар маркази таваҷҷуҳи ниҳодҳои амниятии ин кишвар дар заминаи назорат бар фаъолиятҳои гурӯҳҳои террористӣ қарор дорад.
Расонаҳои амрикоӣ рӯзи ҷумъа, 15-уми май гузориш додаанд, Брэд Купер, сардори фармондеҳии марказии ИМА дар ҷаласае дар баробари қонунгузорони кишвараш гуфтааст, ки Афғонистон ҳанӯз яке аз марказҳои аслии таҳдидҳои террористӣ ба шумор меравад.
Ӯ таъкид кардааст: “Афғонистон ҳанӯз дар хати муқаддами фаъолиятҳои террористӣ аст, ки мо зери назар дорем”.
Купер афзудааст, ки ҷузъиёти бештари ин мавзуъ бояд дар нишастҳои маҳрамона матраҳ шавад.
Ба гуфтаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида аз тариқи ҳамкорӣ бо шарикони минтақавиаш талош дорад таҳдидҳои эҳтимолии Афғонистонро нобуд ва саркӯб кунад.
Купер афзудааст, ки Вошингтон ба гунаи дақиқ вазъияти минтақаро зери назар дорад ва ҳар навъ таҳдидро ҳадаф қарор медиҳад.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки мақомоти амрикоӣ пас аз хуруҷи неруҳои ин кишвар аз Афғонистон дар соли 2021, ҳамчунон нисбат ба фаъолияти гурӯҳҳои шабҳинизомӣ дар ин кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд.
Бо ин ҳол, гурӯҳи террористии Толибон ҳамвора ҳузури гурӯҳҳои дигари террористӣ дар хоки Афғонистонро рад кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати хориҷаи Иёлоти Муттаҳида пештар дар вокуниш ба изҳороти мақомоти русӣ дар бораи ҳамкорӣ бо Толибон, ҳушдор дода буд, ки ҳеч кишваре набояд бо ончи “бозигарони бад” хонда шудаанд, ҳамсӯӣ кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”