27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
15.05.2026 16:25

Таслим нашуд. Аюбҷон Одинаев чӣ гуна пас аз маъюб шудан зиндагиашро аз нав сохт?

- Соли 2011 ба Федератсияи Русия рафтам. Чун хатмкардаи Коллеҷи политехникии Душанбе будам, дар муҳоҷират ҳамчун кафшергар кор мекардам. Дар баробари кори асосиам, рӯзҳои шанбеву якшанбе корҳои иловагӣ мекардам. Моҳи марти соли 2014, рӯзи шанбе ҳамроҳи ҳамкорон кореро қабул кардем. Бояд як эстакадаро, ки вақти таъмири мошинҳои боркаш истифода мешуд, аз як ҷо бурида, дар ҷойи дигар насб мекардем. Он эстакада, 12 метр дарозӣ, зиёда аз як метр баландӣ, 3 метр паҳноӣ ва зиёда аз 10 тонна вазн дошт. Он ба борбардор баста шуд ва мо бояд пойҳои онро мебуридем. Ҳамкорам аз як тараф мебурид ва ман аз тарафи дигар. Ӯ корашро тамом карда, баромад. Ман ҳам баромаданӣ будам, ки банди борбардор канда шуд ва қисме аз он ба пуштам зад. Баробари бархурди оҳан, аз миён поёнам аз ҳаракат монд. Дунё дар назарам торик шуд. Чизеву касеро ҳис накардам. Аммо аз ҳуш нарафтам. Тақрибан пас аз 15 дақиқа ёрии таъҷилӣ омад. Чун фаҳмиданд, ки сутунмуҳраам шикастааст, нагузоштанд, ки дар аробачаи ёрии таъҷилӣ ба пушт хоб равам, зеро пуштамро дар ҷойи мулоим мондан мумкин набуд. Сипас, як дари мобайни хонаро болои аробачаи ёрии таъҷилӣ гузоштанд ва маро дар болои он монданд. Ба болои ин мусибат, дар роҳ мошини ёрии таъҷилӣ бо мошине бархурд ва ман бо дару аробача аз даруни мошин афтидам. Зарбаи дуюм ва хеле вазнин. Боз ёрии таъҷилӣ омад ва маро ба беморхона бурданд. Баъд, дар беморхона аз ҳуш рафтам. Дар ҳамин ҳол, падар ва бародаронам, ки дар Русия якҷо будем, барои гуручӯб кардани зани амакам шаҳри дигар рафта буданд ва ман тани танҳо будам. Худамро мисли бекас ҳис мекардам. Аммо вақте ки ба ҳуш омадам, аз тиреза падар ва бародаронамро дидам ва хеле ором шудам. Қисса кӯтоҳ, 46 рӯз дар беморхона мондам. Тақрибан пас аз чор моҳ ба Ватан баргаштам ва як солу шаш моҳ бо пушт хоб кардам, нишаста наметавонистам. Миёнамро тамоман ҳис намекардам. Сипас, ба аробача одат кардам ва шукр, ки ҳоло кор карда, зиндагиамро пеш мебарам. Шукр мекунам, ки таслим нашудам, - қисса кард Аюбҷон Одинаев.

Ин қиссаро мусоҳиби мо аз филм ё китобе нагуфт, балки як пораи ҳаёти худро баён кард.

Аюбҷон Одинаев ҳоло аз ҷумлаи блогерони шинохтаву маъруфи тоҷик аст, ки дар Инстаграм зиёда аз 20 ҳазор обуначӣ дорад. Ӯ маъюбият дорад, вале талош мекунад, ки ба дигарон, махсусан, ба ҳамтақдиронаш нишон диҳад, ки маъюбӣ охири зиндагӣ нест, балки бояд мубориза бурд, бояд зиндагӣ кард, бояд роҳе ёфт ва худро дубора сохт.

- Чанд муддат шуд, ки дар Инстаграм саҳифаатонро фаъол кардед?

- Чор моҳ пеш оғоз кардам пеш бурдани блогамро, вале дар ин самт таҷрибаи зиёд дорам. Яъне тақрибан даҳ сол пеш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук фаъол будам. Он вақт аз ҳисоби волонтёриам дар чорабиниҳои гуногун иштирок мекардам ва дар бораи зиндагиам ва муҳити дастрас мегуфтам. Чанд сол фаъол будам, вале бо сабаби саломатӣ ва сафарҳои хориҷӣ барои табобатам аз интернет дур шудам.

- Чӣ сабаб шуд, ки дубора фаъол шудед дар фазои маҷозӣ?

- Сабаби асосии дубора ба интернет рӯ оварданам ин вазъи молиявӣ аст. Яъне, таҳлил кардам, ки ҳоло аз интернет метавон бо таъсиси мағозаи интернетӣ пул ба даст овард. Дар аввал саҳифаи шахсиамро кушодам ва дар бораи зиндагиаму муҳити дастрас, махсусан, мушкилоти рӯзмарраи шахсони дорои маъюбият гуфтам. Ҳамин тавр, то андозае шинохта шудам ва сипас, саҳифаи алоҳида кушодам ва он ҷо бозичаҳои кӯдаконаву ҷузвдонҳои занона мефурӯшам.

- Оё бо мағозаи интернетӣ метавон зиндагиро пеш бурд?

- Шояд он мағозаҳое, ки ба маблағи аз 50 то 100 ҳазор сомонӣ маҳсулот доранд, фоидаи хуб ёбанд, вале ман бо 1500 сомонӣ оғоз кардам ва ҳоло ба таври бояду шояд фоида ба даст намеорам.

- Аз куҷо маҳсулот мегиред ва оё худатон фармоишҳоро ба харидорон мебаред?

- Борҳоро аз маркетплейсҳои Чин фармоиш медиҳам. Бурдарасонӣ ҳам мекунам. Барои ин корам маблағи иловагӣ 20 сомонӣ мегирам. Баъзан душвор мешавад ин кор, вале чун пули иловагӣ дорад, мекунам.

- Кадом қувва шуморо ба дилмонда нашудан ва кор кардан водор мекунад?

- Баъзан дилгир мешавам, ноумед мешавам, аммо худамро таслим намекунам. Ман ба Худо таваккал мекунам ва ҳама чизро аз Ӯ мехоҳам. То ин ҷо омадан ман душвориҳои зиёд кашидам. Чанд соли аввал маъюбиятро қабул карда наметавонистам ва фикрҳои ноҷо ҳам доштам, зеро мехостам мисли дигарон бо пойи равон бошам. Вале шукр ҳамааш гузашт ва ҳоло шукр зиндагиам хеле тағйир ёфтааст. Ман мехоҳам нишон диҳам, ки маъюбӣ охири зиндагӣ нест. Намехоҳам баробари маро дидан, мардум дилсӯзӣ кунанд, балки ибрат гиранд, ки зиндагӣ давом дорад ва ҳеҷ гоҳ аз мушкилоти зиндагӣ ноумед нашаванд. Ман дар ошёнаи сеюм зиндагӣ мекунам. Ҳар вақт бо душворӣ, яъне пуштакӣ мефароям ва чанд рӯз пеш вақти фаромадан, як чархи аробачаам вайрон шуд. Дар хараке нишаста, онро таъмир кардам ва ҳамин лаҳзаро ба навор гирифтам. Яъне, ба обуначиёнам гуфтам, ки имрӯз чунин ҳолат рух дод ва ҳеҷ вақт аз кори худ даст накашанд, балки аз рӯйи нақшаҳояшон ҳаракат кунанд. Ман бояд фармоишҳои гирифтаамро мебурдам ва агар аз он мушкил дилмонда мешудам, корам нотамом мемонд. Сипас, як зан навишт, ки дар ҷойи кор мушкиле доштаасту дилмонда шудааст, вале бо дидани ин навори ман ба ҳолати доштаву ҷойи кораш шукр гуфтааст, зеро ҳолати ман бамаротиб душвор буд. Чунин ҳолатҳо ба ман қувва медиҳанд, ки бояд чизе бигӯям ва барои дигарон намунаи ибрат бошам.

- Оё ҳамтақдиронатон барои кору кумаке ба шумо муроҷиат мекунанд?

- Онҳое, ки маъюбият доранд, ба ман менависанд, вале на барои маслиҳату машварат, балки рақамҳои блогеронро мепурсанд то ки ба онҳо ёрӣ расонанд ё аз ман ёрӣ мехоҳанд. Яъне на ба хотири рушд, балки барои кумак хостан муроҷиат мекунанд, ки ин хеле бад аст.

- То ҷое медонем, муддате дар Олмон ҳам зиндагӣ кардед.

- Бале, соли 2019 барои ҷарроҳӣ ба Олмон рафтам. Чун бемории коронавирус оғоз шуд, омада натавонистам. Сипас, бо барномаи Ausbildung дар соҳаи идоракунии кадрҳо таҳсил кардам. Зиёда аз панҷ сол он ҷо мондам. Ҳам таҳсил мекардам ва ҳам кор. Бо оилаам низ ҳамон ҷо шинос шудам. Ӯ тоҷик аст ва он вақт донишҷӯ буд. Метавонистам дар Олмон кору зиндагиамро давом диҳам, вале аҳли оиларо ёд кардам ва баргаштам.

- Ҳоло дар Инстаграм ду саҳифа доред, ки яке шахсӣ ва дигаре тиҷоратӣ аст. Дар оянда чӣ кор карданиед?

- Барои солҳои тӯлонӣ нақша надорам, вале мехоҳам тиҷорати хурдамро васеъ кунам ва ҳамзамон доир ба муҳити дастрас ва камбудиву пешравиҳо, ки бевосита ба шахсони дорои маъюбият дахл доранд, бигӯям. Яъне аз номи онҳое, ки маъюбият доранд, садое бошам.

Мусоҳиба

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.