Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Лавров: “Эрон буҳронсози тангаи Ҳурмуз нест. Ҷангро фавран қатъ кунед”
Вазири корҳои хориҷаи Русия имрӯз дар Деҳлии Нав эълом кард, ки Эрон буҳрони тангаи Ҳурмузро эҷод накардааст.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”-и Эрон, Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия имрӯз, 15-уми май дар Деҳлии Нав гуфт, ки ҷанг бар зидди Эрон бояд фавран қатъ шуда ва ба як роҳи ҳалли пойдор расид.
Вазири хориҷаи Русия дар ин бора чунин афзуд: “Эрон буҳрони тангаи Ҳурмузро эҷод накардааст. Вазифаи аслӣ дар ҳоли ҳозир дар робита бо Эрон, поён додани фаврии ҷанг ва дастёбӣ ба як роҳи ҳалли пойдор аст”.
Вазири корҳои хориҷаи Русия ҳамчунин, таъкид кард, ки амнияти киштиронӣ 100% таъмин шуда буд.
Вай дар ин бора чунин илова кард: “Решаи аслӣ, таҷовузи бедалели Амрико ва Исроил алайҳи Эрон аст”.
Ба андешаи Лавров таҷовузи Амрико бар зидди Эрон барои “эҷоди хусумат байни Эрон ва ҳамсоягонаш” буд.
Сергей Лавров, ки барои нишасти иҷлоси вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви БРИКС ба Деҳлии Нав сафар кардааст, эълом кард: “Ҳинд метавонад нақши миёнарави баландмуддат байни Эрон ва дӯстони арабашро бар уҳда бигирад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”