Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Русия ва Украина беш аз 400 асири ҷангиро мубодила карданд
Русия ва Украина дар тозатарин табодули асирон, ҳар кадом 205 асири ҷангиро озод карданд, ки дар чорчӯби тавофуқи густардаи “ҳазор дар баробари ҳазор” миёни ду кишвар анҷом шудааст.
Хабаргузориҳо рӯзи ҷумъа, 15-уми май гузориш доданд, ин табодул пас аз тавофуқе сурат гирифта, ки ҳафтаи гузашта Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз он хабар дода буд.
Бар асоси ин тавофуқ, ду тараф бар сари як табодули бузурги асирон ва оташбаси серӯза ба тафоҳум расидаанд.
Вазорати мудофиаи Русия эълом кардааст, ки дар ҷараёни раванди бозгашти низомиёни русиягӣ аз “асорат”, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ кумакҳои башардӯстона ироа кардааст.
Ин вазорат афзуда, ки низомиёни озодшуда дар ҳоли ҳозир дар Беларус ҳузур доранд ва таҳти назорати табибон қарор гирифтаанд.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина низ гуфтааст, ки асирони озодшуда сарбозоне ҳастанд, ки бисёре аз онон аз соли 2022 дар асорати неруҳои Русия ба сар мебурданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”