Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Федератсияи футболи Тоҷикистон сармураббии нави тими миллиро муаррифӣ намуд
Маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки зимни нишасти матбуотӣ сармураббии нави мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский муаррифӣ карда шуд.
Манбаъ меафзояд, ки Игор Ангеловский дар нишасти хабарӣ нахуст барои боварӣ ва дастгирӣ ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон изҳорӣ сипос карда, қайд намуд, ки ҳамватанонаш Милан Илиевски ва Иван Йовановский ба ӯ кумак мекунанд. Яъне Милан Илиевски ёвари сармураббӣ ва Иван Йовановский мураббии тарбияи ҷисмонӣ хоҳанд буд.
Игор Ангеловский дар марвиди рақибони тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё чунин гуфт: “Австралия ва Ироқ дар Ҷоми ҷаҳон-2026 бозӣ хоҳанд кард ва ин аз сатҳи онҳо шаҳодат медиҳад. Сингапур низ аз ҷониби худ бо рӯҳияи баланд вориди рақобат хоҳад шуд. Мо ба ҳамаи рақибонамон эҳтиром мегузорем, аммо бояд пеш аз ҳама ба қувваи худ бовар дошта бошем ва дар ҳар бозӣ тамоми имкониятамонро истифода барем”.
Ҳамчунин, сармураббии нави мунтахаби Тоҷикистон дар мавриди сару садо атрофи Ваҳдат Ҳанонов сухан гуфта, иброз дошт, ки бо футболбоз суҳбат кардааст. Ваҳдат Ҳанонов дар навбати худ омодагии худро барои ҳунарнамоӣ дар ҳайати тими миллӣ иброз доштааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”