Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Трамп: “Чин пешниҳод кард, ки барои тавофуқ бо Эрон кумак мекунад”
Ба гузориши расонаҳо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико баъд аз мулоқот бо Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дар гуфтугӯ бо шабакаи “Фокс-нюз” гуфтааст: “Робитаи хубе бо ҳамтои чинии худ дорам ва Пекин аз замоне, ки нахустин бор ба онҷо сафар кардам, дар ҳоли сӯистифода аз Иёлоти Муттаҳида буд.”
Трамп афзудааст: “Дар бораи масоили зиёде бо раиси ҷумҳур Си гуфтугӯ кардам ва ҳама чиз ба хубӣ пеш рафт”.
Ӯ ҳамчунин, муддаӣ шудааст, ки тавони низомии Эронро аз байн бурда ва муҳосираи комиле бар Эрон амалӣ кардааст.
Доналд Трамп ҳамчунин, дар талош барои посух ба интиқодҳо дар бораи афзоиши камсобиқаи нархи сӯзишворӣ гуфтааст: “Қимати нафт дар муқоиса бо ончи бештар мардум интизор доштанд, ба далели ҷанг танҳо андаке афзоиш ёфтааст”.
Трамп дар бахши дигари суханони худ гуфта, ки мавзуи ҳимояти Чин аз Эронро бо Си Ҷинпин баррасӣ кардааст: “Раиси ҷумҳур Си ба ман гуфт, ки Чин ҳеч таҷҳизоти низомӣ дар ихтиёри Эрон қарор нахоҳад дод”.
Вай ҳамчунин, гуфт: “Пекин хоҳони боз мондани тангаи Ҳурмуз аст”.
Трамп дар идома афзудааст: “Раиси ҷумҳури Чин хоҳони дастёбӣ ба тавофуқ бо Эрон аст ва барои ин мавзуъ пешниҳоди кумак дод”.
Трамп ҳамчунин гуфта, ки Чин барои хариди нафти Амрико тамоюл нишон дода ва иддао карда, ки “Чин ҳудуди 40 дарсади ниёзи нафтии худро аз як нуқта дар Ховари Миёна (эҳтимолан Эрон) таъмин мекунад.”
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”