Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Сергей Шойгу: “Аз 18 то 23 ҳазор ҷангҷӯи мусаллаҳ дар Афғонистон фаъолият доранд”
Сергей Шойгу, дабири Шурои амнияти Русия, эълом кардааст, ки аз 18 то 23 ҳазор ҷангҷӯи вобаста ба беш аз 20 гурӯҳи мухталиф дар Афғонистон фаъолият доранд.
Хабаргузории “ТАСС”-и Русия рӯзи панҷшанбе, 14-уми май гузориш дода, ки Сергей Шойгу ин изҳоротро дар нишасти дабирони ниҳодҳои амниятии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай матраҳ кардааст.
Ӯ гуфтааст, ки таҳдидҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз хоки Афғонистон ҳамчунон яке аз нигарониҳои аслии амниятӣ дар минтақа аст.
Шойгу афзудааст, гурӯҳи ДОИШ дар Афғонистон ҳудуди се ҳазор узв дорад ва дар соли гузашта ин гурӯҳ чандин ҳамла анҷом додааст, ки дар натиҷаи он даҳҳо низомӣ ва ғайринизомӣ кушта ва захмӣ шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар канори ин вазъият, вуруди ҷангҷӯёни хориҷӣ аз минтақаҳои дигар ба Афғонистон низ идома дорад ва ин мавзуъ чолишҳои амниятиро афзоиш додааст.
Дабири Шурои амнияти Русия таъкид кардааст, ки ҳарчанд бархе иқдомҳо барои контроли ин таҳдидҳо анҷом шудааст, аммо ҳанӯз бахше аз ин гурӯҳҳо хориҷ аз назорати комили ниҳодҳои амниятии Толибон дар хоки Афғонистон фаъолият мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад